- даста
- [دسته]1. он қисми абзору асбобу анҷом, ки бо даст гирифта мешавад: дастаи дос, дастаи каланд, дастаи корд, дастаи кӯза, дастаи теша, дастаи чойник, дастаи қамчин2. бастаи гулу райҳон, гулдаста; як қабза хор, шибоғ, химча ва ғ. ки якҷоя баста шудааст; дарза барои пилла танидани кирмак; даста бастан як миқдор гулро якҷоя карда банд бастан, гулдаста тайёр кардан3. миқдори нисбатан зиёди чизҳои якҷинса, ки дар як ҷо меистанд ё якҷоя карда шудаанд; қабза, тӯб: як даста китоб, як даста коғаз; як даста мӯ як қабза мӯ4. маҷмӯи чизҳои якҷинса; муқ. даст 55. гурӯҳ, тӯда, ҷамоати мардум; қисм: даста(ҳо)и аскарӣ, дастаи посбонон, дастаи сарбозони пиёда, дастаи созандагону навозандагон, дастаи мусиқии миллӣ; дастаи ихтиёриён гурӯҳе, ки аъзои он барои иҷрои коре ихтиёран ҷамъ омадаанд; дастаи ҳаваскорон гурӯҳи аъзои маҳфили ҳаваскорони санъати бадеӣ; даста-даста а) бастаҳои зиёд; тӯб-тӯб; б) гурӯҳ-гурӯҳ; даста кардан а) ниг. даста бастан; б) дар як ҷо ҷамъ кардан, як қабза кардан; в) ба тартиб ва миқдори муайян печида таҳ кардан (мас. пулҳои коғазиро)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.